Бо мақсади татбиқи сиёсати созанда ва маорифпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаккули шавқу рағбати донишҷӯён барои аз худ кардани барномаи таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии онҳо ва муаррифии имкониятҳои зеҳниву ташкилии омӯзгорон оид ба истифодаи технологияҳои муосири таҳсилотӣ, аз санаи 7-ум то 12 октябри соли ҷорӣ ҳафтаи кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва меҳнатӣ бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки субҳи имрӯз маросими кушодашавии ҳафтаи кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва меҳнатӣ оғоз гардид. Дар чорабинии мазкур намояндаи роҳбарияти донишгоҳ муовини ректор оид ба таълим Мӯминзода Шероз Абдуҷаббор ва меҳмонон аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Раиси Суди ноҳияи Шаҳристон Аҳрорзода Шуҳрат Аслон, Прокурори шуъбаи назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 3, Розиқзода Абдукайюм Розиқ, Муовини сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, подполковники милитсия Фозилбекзода Шоҳинбек Муродбек, Иҷрочии хадамоти иҷро дар ноҳияи Б. Ғафуров иштирок  доштанд.