23 феврал рузи Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 феврал рузи Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард. Санаи 23 феврали соли 1993 дар солномаи Ватани азизи соҳибистиқлоламон ҳамчун рўзи фаромўшнашаванда сабт шудааст. Зеро ҳамон рўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ созмон дода шуд. Ин амал бо ташаббуси Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт ва минбаъд ҳамчун омили сулҳу суботи кишвар, ҳифзи марзу бум ва таъмини амнияти мардум хидмат кард
Мардуми Тоҷикистон марҳалаи вазнини солҳои аввали истиқлолиятро паси сар намуда, баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пайваста талош меварзанд. Асоси мустаҳками амалӣ намудани тадбирҳои созандаву бунёдкориҳо, ҳукмфармо будани сулҳу салоҳ дар ҷомеа, якдигарфаҳмӣ ва якдилии мардум, ҳамзистии ҳамаи сокинон ба шумор меравад. Дар музаффариятҳои бадастомада ҳиссаи Қувваҳои Мусаллаҳ басо назаррас аст, зеро Артиши миллӣ кафили боэътимоди соҳибистиқлолӣ, бехатарии кишвар ва ягонагии марзу бум маҳсуб меёбад. Албатта, давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, соҳиби Артиши миллӣ ва қувваҳои мусаллаҳ шуданаш лозим аст. Артиши миллӣ дар роҳи ҳифзи истиқлолият, таъмини якпорчагии мамлакат, ҳимояи осоиштагӣ ва меҳнати бунёдкоронаи мардум, тарбияи ватанпарастии ҷавонон нақши муҳим мебозад.
Дар солҳои аввали истиқлолият бо раҳнамоии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти Артиши миллӣ ба роҳ монда шуда, ҳифзи Ватан ҳамчун бошарафтарин касбу рисолат эътироф гардид. Нуфуз ва эътибори хизматчиёни ҳарбӣ сол аз сол боло рафт. Соҳибистиқлолии ҳар як давлат, озодии шаҳрвандони он бояд аз ҷониби Артиши Миллӣ, қувваҳои Мусаллаҳ таъмин ва ҳимоя карда шавад. Миллате, ки ба қадри истиқлолияту озодии хеш намерасад, онро ҳифз карда наметавонад ва ё барои он қудрату тавон надорад, ҳеҷ гоҳ озод буда наметавонад, ў маҷбур аст, ки ба ҳар гуна қувваҳои бегона итоат кунаду ба онҳо баъзан сар хам бикунад
Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баҳо дода, таъкид намудааст, ки «Артиши ҷавони мо, хусусан дар солҳои душвору фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакат дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурўҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори трансмиллӣ ва хомўш кардани ошўбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт. Дар раванди муҳорибаҳо ва амалиёти ҷангӣ садҳо нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ҷасорату мардонагӣ нишон дода, ба хотири оромиву суботи Ватан ҷони худро қурбон карданд, ки мо садоқату корнамоӣ ва номи неки онҳоро ҳамеша ва хусусан дар чунин рўзҳои ҷашн гиромӣ медорем»
Барҳақ, танҳо давлате, ки истиқлолияту сулҳу субот ва осоиштагии мардумашро таъмин менамояд, рў ба тараққӣ мениҳад. Имрўз мо дар назди худ мақсади бунёди давлати ҳамаҷониба рушдкардаро гузоштаем ва биноан табиист, ки дар навбати аввал ба мустаҳкам кардани иқтидори мудофиавии давлатамон эътибор диҳем.
Ҳаминро таъкид намудан ҷоиз аст, ки ислоҳоти низоми Қувваҳои Мусаллаҳ бо бунёди асосҳои ҳуқуқии он вобастагӣ дорад. Солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар кўтоҳтарин фурсат дар ҷумҳуриамон вобаста ба ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ ва расидан ба мақсадҳои стратегӣ дар ин самт пойдевори муҳими ҳуқуқӣ гузошта шудааст. Пеш аз ҳама, дар Конститутсияи Тоҷикистон зарурати ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ баҳри таъмини соҳибистиқлолии давлат, дахлнопазирии сарҳад, таъмини ҳаёти осоишта ва амнияти ҳалқамон қайд гардидааст.
Ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як инсон ва тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Аҷдодони мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлати хеш ҷони худро дареғ надоштанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсоли ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист.
Ҳамасола мутантан ҷашн гирифтани санаи 23 феврал – Рўзи Артиши миллӣ дар кишварамон анъана гардидааст. Дар ибтидои соли тақвимӣ ҳамчун ҷашни аҳамияти давлатидошта таҷлил гаштани он рамзист. Зеро асоси ҳама гуна ҷашнҳо тинҷиву оромиву осоиштагист. Дар кишваре, ки сулҳу субот ҳукмрон аст, ҳама гуна ҷашнҳо зебанда аст, мулк обод, дастархони мардум фаровон мегардад. Хурсандиовар аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рўзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузашт ва имрўз ба нерўи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфт ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собитқадамона рушду такомул меёбад.
Раиси суд:-
Ахрорзода Ш.А.