Ҳимояи ҳуқуқи кӯдак дар муносибатҳои алиментӣ
Кӯдакон сарвати бебаҳо, ояндаи ҷомеа ва давлату миллат мебошанд. Онҳо бо сабабҳои синну солӣ ва нишондиҳандаҳои ҷисмонию ақлониашон ҳуқуқ ва манфиатҳои худро мустақилона ҳимоя карда наметавонанд. Бинобар ин кӯдакон қисми осебпазири ҷомеа эътироф шуда, ба ҳифзи махсус аз ҷониби давлат ва калонсолон ниёз доранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду камолоти кӯдакон дар шароити озоду арзанда тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуда, таъмини манфиатҳои кӯдакон, фароҳам овардани шароити муносиб барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо, эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад.
Кафолати таъмин ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қонунгузории миллӣ ва санадҳои зерқонунӣ ба танзим дароварда шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро ба тасвиб расонида, ҷиҳати амалишавии он тамоми тадбирҳои заруриро дар самтҳои қонунгузорӣ, маъмурӣ ва ташкилӣ амалӣ намуда истодааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд. Ҷиҳати амалӣ намудани ин кафолати конститутсионӣ қонунгузории миллӣ бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ ва принсипи таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак таҳия гардида, пайваста такмил дода мешавад.
Манфиатҳои беҳтарини кӯдак тавассути муқаррар намудани меъёрҳои давлатии ҳадди ақалли хизматрасонии иҷтимоӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи меҳнат, ташкили тадбирҳои солимгардонӣ ва истироҳат, расонидани кӯмаки ҳуқуқию равонӣ ба кӯдакон ва ба назар гирифтани манфиатҳои кӯдакони осебпазир, аз ҷумла кӯдакони маъюбиятдошта ва кӯдакони ятиму бепарастор таъмин карда мешаванд.
Инчунин ҷиҳати амалӣ гардонидани ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон дар самтҳои гуногун барномаҳои миллию давлатӣ қабул гардида, зимни таҳияи стратегияҳо, консепсияву барномаҳо, нақшаҳо ва дигар санадҳо манфиатҳои кӯдакон ба эътибор гирифта мешаванд.
Дар баробари ташкили асосҳои қонунгузорӣ инчунин механизми муайяни мақомоти давлатӣ таъсис дода шудааст, ки фаъолияти онҳо ба ин ё он васила ба таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон равона шудааст.
Дар баробари ин ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки новобаста аз даромади доимӣ доштани алиментсупоранда, онҳо маблаги алиментро сари вақт ва ихтиёрӣ пардохт намекунанд.
Бинобар ин моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бадқасдона, яъне бе сабабҳои узрнок саркашӣ намудани падар ё модар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблаг барои таъминоти фарзандон ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст.
Дар сохтори Хадамоти иҷро бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ фаъолият менамояд, ки он то андозае дар самти ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он мусоидат мекунад.
Дар баробари ин бартараф намудани мушкилоти ситонидани алимент андешидани як қатор чораҳои дигарро низ талаб мекунад, аз ҷумла таҳияи механизми самараноки иҷроиши санадҳои судӣ вобаста ба рӯёнидани алимент, такмили қонунгузорӣ дар ин самт, тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии мақомоти дахлдори давлатӣ ва аз ҷумла бо кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили ҷойҳои корӣ ва ғайраҳо.
Дар самти ҳалли масъалаҳои вобаста ба алимент пеш аз ҳама диққати махсус бояд ба он дода шавад, ки шумораи бекоршавии никоҳҳо то ҳадди имкон кам карда шаванд. Зеро то замоне, ки бекоршавии никоҳҳо вуҷуд доранд, мушкилоти алимент, маскун кардан ва дигар масъалаҳое, ки аз пошхӯрии оилаҳо бармеояд, боқӣ мемонанд.
Вобаста ба ин дар байни ҷавонон дар масъалаҳои оила ва оиладорӣ, масъулияти волидайн дар таъмин ва таълиму тарбия фарзанд, оқибатҳои иҷро накардани масъулияти худ аз ҷониби волидайн, таъсири манфии барҳамхӯрии оила ба рушди минбаъдаи кӯдакон ва дигар масъалаҳои марбут ба оиладорӣ бояд корҳои тарбиявӣ ва фаҳмондадиҳӣ зиёдтар гузаронида шавад.
Ҳамчунин дар самти аз ҷоинби мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирии бекоршавии ақди никоҳ бо шаҳврвандоне, ки барои бекор кардани ақди никоҳ ба суд муроҷиат мекунанд, корбарӣ ҷоннок карда шавад. Дар ин раванд онҳо ба хизматрасонии равонию маънавӣ ҷалб шуда, оид ба оқибатҳои бекор шудани ақди никоҳ, уҳдадориҳои падару модар нисбати таъмин ва тарибияи фарзандон пас аз бекоршавии никоҳ ва дигар ҳолатҳое, ки аз ҷудошавии оилаҳои бар меоянд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад.
Дар ин масъала на танҳо мақомоти давлатӣ, балки тамоми аъзоёни ҷомеа, аз ҷумла ходимони дин, омӯзгорон, калонсолон, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигарон бояд тамоми кӯшишу ғайрат ва тавоноии худро равона кунанд.
Зеро масъалаҳои вобаста ба алимент дар он ҷойе пайдо мешавад, ки оила мушкил дорад, яъне носолим аст, он пош хӯрдааст ва кӯдакон аз ғамхорӣ ва муҳаббати ё падар ва ё модар маҳрум гаштаанд. Ин ҳолат ба ташаккули бомуваффақияти шахсияти кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки танҳо дар оилаи солим ва дар фазои меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ мо метавонем фарзандони солим, бомаърифат ва ба ҷомеа муфид ба воя расонем.
судяи суди нохияи Шахристон: Амонкулзода Д.А.
Суди ноҳияи Шаҳристон 