Истиклолият-ифтихори миллати точик

Истиклолияти Чумхурии Точикистон пурарзиштарин дастоварди давлату миллати точик аст, ки 33 сол мукаддам мухимтарин вокеаи таърихии сарнавишти миллати точик ба миён омада, Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон эълон гардид. Ин ходисаи фарахбахш аввали мохи сентябри соли 1991 ба вукуъ пайваст ва 9-уми сентябр расман рузи Истиклолияти Чумхурии Точикистон кабул гардид. Аз хамон вакт то имруз ин санаи муборак барои миллати точик иди мукаддас махсуб мешавад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меьру вафо, ободию озоди, хамфикрию хамзисти ва осоиштагию абадиятро ба мардуми точик ва Точикистон овардааст. Дар пахнои замонхо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишхои сахту сангин гузашта бошад хам, дастовардхои фарханги асил, хуввияти милли, забони ноби модари, илму адабиёти оламгирашро нигох доштааст. Ба хамагон маълум аст, ки ниёгони мо бо талкини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» бехтарин ва равшантарин орзуву ормони инсоният ва рукнхои ахлоки хамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурхикмат дар тули асрхои барои ташакулли арзишхои солимро башардустона хидмат кардааст. Даврони истиклолият барои мо имкони вокец фарохам овард, ки рохи имрузу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба суи чомеаи демократи, хукукбунёд ва дуняви интихоб намоем. Истиклолият барои мо рамзи олии Ватану ватандори, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустакил, кору пайкори пайгиронаи созандаги, азму талошхои фидокоронаи расидан ба истиклолияти сиёси, иктисоди ва фархангиро омузонда, меъёрхои чомеаи шахрвандиро тахким бахшид ва дар як вакт хаёти озодонаи хар фард ва олитарин дарачаи бахту саодати вокеии миллатро таъмин намуд. Истиклолият барои мо нишонаи барчастаи пойдории давлат, бакои симои миллат рамзу асолату хуввият, идеалу ормонхои таърихи, шиносномаи байналмиллали ва шарафу эътибори ба чахони мутамаддин пайвастани кишвари сохибистиклоли Точикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имруз ифтихор доранд, ки 33 сол кабл аз ин нахустин хиштхои пойдевори истиклолияти вокеи ва давлатдории миллии худро нихода аз шарофати мустакилият сохиби рамзхои давлати-Парчам, Нишон ва Суруди милли гардидаем. Самараи неки истиклолият аст, ки имруз Точикистон дар дунё чун давлати сулххоху сулхпайванд шинохта шудааст.