ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР СУДИ НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи судии суди ноҳияи Шаҳристон Раиси суд, судя ва кормандони дастгоҳи суд Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дастаҷамъона тамошо карданд.