Соли 2024 дар Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ
Соли 2024 ба ифтихори 30- солагии Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид.
Дар ҳамоиш Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иброз гардид, ки яке аз дастовардҳои нахустини даврони соҳибистиқлолӣ- ин қабули Конститутсия мебошад. Зеро ба гуфтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам оварда, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад».
Дастур дода шуд, ки тамоми сохтори мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024, ки 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд.
«Зеро аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад», — таъкид намуданд Сарвари давлат.
Дар ҳамоиш мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла маърифати ҳуқуқӣ-омили таъмин намудани амнияту субот дар Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- санади ҳуқуқӣ ва сиёсии дорои принсипҳои барномавӣ, ба марҳилаи бунёд ва рушди босубот ворид гардидани Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси суд:- Ахрорзода Ш.А.