ВАҲДАТ ПОЯИ СУЛҲ
Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо аҳли пешво садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.
Сулҳ-оштиву фарзонагӣ якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассум мекунад.
Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон баровардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯстӣ аст.
Ваҳдат беҳтарии неъмат, ҳаёти инсон, таҳкими давлат, иаҷоти миллат, нумӯи даврон, рушди тоҷикон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст.
Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзи мавқею мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд.
Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони миллали муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмии истиклоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Танҳо дар сурати ваҳдат душворӣ ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон рӯ ба беҳбудӣ меоварад кишварамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки теша ба решаи он расад».
Он дарахтеро, ки Президентамон ба сулҳу вахдат шабеҳ додаанд, имрӯзҳо меваи ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо тоҷикон фахр мекунем.
Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиклол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қӯргонтеппа-Кӯлоб, сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба малакатҳои Осиё ба сӯи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин ҳолат боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад.
Вахдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ ҳукмфармост он давлат рӯз аз рӯз гулгулшукуфон мегардад, иқтисодиёташ мевфзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар як фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, вахдату сулҳ падидор аст.
Чун як фарзанди баору номуси миллатам бо сулҳу вахдати кишвари азизам меболаму ифтихор мекунам. Пояи сулҳу осоишгагӣ дар ин кишвари ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида такягоҳ аст.
Раиси суди ноҳияи Шаҳристон
Аҳрорзода Ш.А.