Яке аз ҷузъҳои муҳими ҷамъият оила
Яке аз ҷузъҳои муҳими ҷамъият оила аст, яъне оила ячейкаи асосии ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Инсон ба воситаи оиладорӣ натанҳо хушбахтиро ба даст меорад, балки асосан ҳамаи мушкилоҳою душвориҳои зиндагӣ пас аз оиладорӣ сар мешаванд, зеро ки инсон баъд аз хонадор шудан ба тарбияи насли наврас мепардозад ва ин яке аз вазифаҳои муҳимтарини инсоният аст. Тарбия кардан ва ба воя расонидани фарзандон вазифаи падару модар дар назди ватан, дар назди халқ мебошад ва бахту саодати шахс аз ин вобаста аст, ки албатта ҳар як ҷавон барои он кӯшиш мекунад. Ҳамаи ин гуфтаҳо маълум мекунанд, ки барои бахту саодати оила маданияти баланди умумӣ, маданияти эҳсосӣ лозим, ҳамчунин ҳисси олии вазифашиносӣ, барои ҳаёту рӯзгори одамӣ ва дар назди ҷамъият масъулият ҳис кардан аст ва ҷавонон барои никоҳ бояд натанҳо аз ҷиҳати маънавӣ, балки аз ҷиҳати руҳӣ низ тайёр бошанд, чунки ақди никоҳ натанҳо шодмонии муҳаббати занушӯӣ ва фарзанддорӣ аст, балки он мушкилоти ҳақиқии зиндагӣ, ташвишу тарадудҳои зиёдеро ҳам дорост. Суханвари бузург, Самуэл Ҷонсон чунин гуфтааст: “Никоҳ бисёр ғамгинӣ меорад, вале беникоҳӣ ягон хурсандӣ намеоварад”.