Зӯроварӣ дар оила – амали номатлуби иҷтимоӣ
Зӯроварӣ амале мебошад, ки ҳеҷ узре надорад, новобаста аз он ки, кӣ, кай ва дар куҷо онро содир мекунад. Зӯроварӣ дар оила хосияти боз ҳам бештар харобиовар дорад, чунки аз тарафи одами наздике, ки ҷабрдида аз аввал ба ӯ эътимод дошт, ба вуқӯъ меояд ва бо назардошти сабабҳои зиёде, ҷабрдидаро нотавон мегардонад ва ӯ ба муддати дароз азобу шиканҷаи худро пинҳон мекунад. Зӯроварӣ дар оила на танҳо ҳолати равонӣ, ҷисмонӣ ва эҳсоси амнияти дохилии ҷабрдидаро cуст мекунад, он инчунин дорои дигар оқибатҳои манфӣ барои тамоми ҷомеа мебошад. Ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, одатан аз ҷомеа худашонро дур мегиранд, бо атрофиёни наздик алоқаро гум мекунанд, дар таҳсилу кор мушкилӣ мекашанд. Онҳо наметавонад бо фаъолияти пурсамар ба манфиати ҷомеа машғул бошанд. Саривақт муайян кардани ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва расонидани кӯмаки самараноки психологӣ ба ҷабрдидагон барои барқароркунии боварӣ ба қувваи худ ва эҳёи нави захираҳои дохилӣ барои бартараф намудани мушкилот ёрӣ мерасонад.
Бояд қайд кард, ки зӯроварӣ дар оила нисбат ба зан падидаи нав нест. Мутаассифона, бисёрии одамон, ҳам марду ҳам зан лату кӯб ва рафтори бадро (ба мисоли ҳақорат, масхараву мазоқ кардан) байни аъзоёни оила ҳамчун зӯроварӣ надида, онро чун қисми муқаррарии ҳаёти оилавӣ мебинанд. Зӯроварӣ нисбат ба ҳамсарро одатан чун баҳс, низоъ ва ҷанҷоли оилавӣ ҳисобида, онро ба кори дохилии оилавӣ шомил мекунанд. Хушбахтона, дар солҳои охир дар мамлакати мо масъалаи зӯроварӣ дар оила чун мушкилии ҳукумат (на мушкилоти оилавӣ) ошкоро муҳокима ва эътироф карда мешавад ва бисёр корҳо барои бартараф кардани он ба анҷом расонида мешаванд.
— Зӯроварӣ дар оила ҳамеша табиати худро дорад. Яъне, амале ба шумор меравад, ки доимо мақсадҳои ғаразнок дорад ва бо нияту мақсади муайяне нисбати аъзоёни оила содир мешавад. Ин амалҳо ба хотири ба даст овардани натиҷаи манфиатбахш барои зӯровар иҷро мешаванд.
— Поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои ин ё он аъзои оила аломати дигари хабардиҳанда аз мавҷудияти зӯроварӣ мебошад. Ҳамаи одамон озоданд ва дар ҳуқуқу озодиҳояшон баробаранд: ҳуқуқ ба зиндагӣ, амният, таҳсил, дастрасӣ ба табобат, бунёди оила, ҳуқуқ ба истироҳат ва ғайра.
— Зӯроварӣ дар оила – ин як навъ поймолкунии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мебошад, ки худмуҳофизаткунии ҷабрдидаро ғайриимкон месозад. Яъне, барои ин амал нобаробарии қувва хос аст, вақте ки як тараф аз ҷиҳати қувваю қудрат нисбати тарафи дигар бартарӣ пайдо намуда, ӯро тобеи худ месозад ва бечунучаро иҷрокунандаи хоҳишҳои шахсии худ мегардонад. Дар оила чунин бартариро шавҳар нисбат ба ҳамсараш, волидайн ба фарзандонаш, бародар ба бародараш, апа ба хоҳараш, хусуру хушдоман ба келин ва ғайра сазовор мебошанд, ки ба таври сунъӣ ба вуҷуд меоранд. Зӯровар мехоҳад, ки аз лиҳози иқтисодӣ, моддӣ, ҷисмонӣ, ақлӣ ва психологӣ бартарии худро нисбат ба аъзоёни оила нишон диҳад.
Судяи суди нохияи Шахристон: Амонкулзода Д.А.